Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғизистонӣ ихроҷашро аз Қирғизистон шарҳ дод


Рӯзноманигори таҳқиқгари қирғизистонӣ Болот Темиров нақл кард, ки ӯро чи гуна аз Қирғизистон ихроҷ карданд.

Вай гуфт, ки ба фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек ӯро "ҳамчун ҷинояткори ашаддӣ 6-7 пулис бурдаанд".

"Инҳо кормандони шуъбаи 10-уми раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек буданд. Ба хотири он ки ман ҳуҷҷат надоштам ҳамроҳам, онҳо бо сафорати Русия гуфтугӯ карданд, ман мунтазир мондам. Талош карданд, ки шаҳодатномаи бозгашт ба Русия гиранд. Аммо натавонистанд, намедонам, чаро, шояд вақт танг буд. Бидуни ҳуҷҷат маро аз дидбонгоҳи сарҳадӣ вориди "Манас" карданд, як сония ҳам дар намонданд. Дар ҳавопаймо шинонданд, ду корманд то Москва ҳамроҳӣ карданд. Онҷо бо сарҳадбонони Русия гуфтугӯ карданд, сарҳадбонон қарори додгоҳро дархост карданд, аммо пулис (-и Қирғизистон) ҳатто қарори додгоҳро надошт. Баъд, зоҳиран, нусхаи электронии қарори додгоҳро ирсол карданд ва маро иҷозаи вуруд доданд. Сарҳадбонон аз ман чанд суол карданд ва баъдан раҳо карданд. Маро модарам ва дигар хешовандон мулоқот карданд. Ман ҳоло дар Москва ҳастам", - гуфт Болот Темиров.

Вай илова кард, ҳодисаи рухдодаро "ҳамчун қассос" баҳо дод.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи 23 ноябр қарори ихроҷи Болот Темировро содир кард. Кормандони вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳамон рӯз Темировро ба фурудгоҳ бурданд ва аз он ҷо ба Русия ихроҷ карданд.

Вакили мудофеи Темиров қарори додгоҳро қонуншиканӣ унвон кард. Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ дар робита ба қарори додгоҳ нисбати Темиров изҳори нигаронӣ карданд.

XS
SM
MD
LG