Ссылки доступа

Дар Қазоқистон гумонбарони "фармоиши куштор"-и рӯзноманигор зиндонӣ шуданд


Додгоҳе дар вилояти Туркистони Қазоқистон ҳукми гумонбарон дар "фармоиши куштор"-и сармуҳаррири нашрияи "Сариагаш-информ" Амонгелдӣ Ботирбековро содир кард.

Мансабдори пешини қазоқ Бауирҷон Майрихов дар "фармоиши куштор"-и Ботирбеков айбдор эълом ва 11 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст.

Гумонбарони дигар Собирхоҷа Молдахоҷаев 11 сол ва Мейирҷон Досболову Нургалӣ Кидиралиев 12-солӣ зиндонӣ шуданд. Молдахоҷаев ва Майрихов муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт адо мекунанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои онҳо аз 15 то 19 соли зиндон талаб карда буд.

Тибқи маводи парванда, Ботирбеков шаби 4 январ дар наздикии хонааш дар ноҳияи Сариёғоши Туркистон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки фармони кушторро собиқ мудири шӯъбаи маорифи Сариёғаш Бауирҷон Майрихов додааст. Дар ҳамла на рӯзноманигор, балки писараш Динмуҳаммад захмӣ шуд.

Рӯзноманигор ҳамларо ба фаъолияти касбии худ рабт дод. Баъди як матлаби интиқодии ӯ Бауирҷон Майрихов аз мақоми мудирии маорифи Сариёғаш барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG