Ссылки доступа

Илон Маск гуфт, ҳамаи саҳифаҳои масдудшудаи Twitter-ро боз мекунад


Twitter ҳафтаи оянда ҳамаи саҳифаҳои масдудшудаи корбаронро боз мекунад. Дар ин бора молики ширкат Илон Маск хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин афв ба қонуншиканон ва паҳнкунандагони "спам" дахолат намекунад.

Рӯзи 20 ноябр Маск дастрасӣ ба саҳифаи президенти пешини ИМА Доналд Трампро барқарор кард.

Саҳифаҳои Доналд Трамп дар Facebook, Instagram ва Twitter моҳи январи соли 2021 масдуд шуд. Он замон ҷонибдорони Трамп, бо нишони эътироз зидди натиҷаҳои интихоботи президентӣ, бинои Капитолиро дар Вашингтон ғасб карданд. Баъди ин ҳодиса шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои Трампро бастанд. Маъмурони шабакаҳо гуфтанд, Трамп тавассути шабакаҳо ба бетартибӣ даъват мекунад.

Сарватманди амрикоӣ Илон Маск Twitter-ро рӯзи 28 октябри соли ҷорӣ бо 44 млрд доллар харид.

XS
SM
MD
LG