Ссылки доступа

Дар садамаи автобус дар Қазоқистон 1 кас кушта, 18 тани дигар ҷароҳат бардоштанд


Дар натиҷаи садамаи ду автобус рӯзи 25 ноябр дар Қазоқистон 1 кас кушта, 18 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодиса дар вилояти Қарағанда рух дод.

Ба иттилои пулис, ронандаи 41-солаи яке аз автобусҳо дар ҷои ҳодиса фавтидааст.

Пизишкон гуфтанд, дар натиҷаи ин садама 18 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Вазъи ду тан аз маҷруҳон бад арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG