Ссылки доступа

Дар Остонаи Қазоқистон даҳҳо эътирозгарро дар рӯзи савгандёдкунии президент боздошт карданд


Шоми 26 ноябр даҳҳо эътирозгарро дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона боздошт карданд. Он замон дастрасӣ ба интернет низ дар Остона маҳдуд шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти эътирозгарон нашр шуд.

Расонаҳоменависанд, боздоштшудаҳо ба эътироз баромада буданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти амалкунандаи Қазоқистон, ки такроран дар интихоботи пеш аз муҳлати рӯзи 20 ноябр пирӯз шуд, рӯзи 26 ноябр маросими савгандёдкунӣ баргузор кард.

XS
SM
MD
LG