Ссылки доступа

Узбекистон зарари ҳодисаҳои Нуқус ба давлатро эълом кард


Додгоҳи вилояти Бухорои Узбекистон ҳаҷми хисоротеро, ки давлати ин кишвар аз бетартибиҳо дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон дидааст, муайян кард.

Тибқи хулосаи додгоҳ, ин бетартибиҳо ба давлати Узбекистон 6 миллиарду 681 миллиону 247 ҳазору 508 сӯм (ҳудуди $600 ҳазор) зарар расондааст.

Баррасии додгоҳии ҳаводиси шаҳри Нуқус рӯзи душанбеи 28 ноябр дар шаҳри Бухоро шуруъ шуд. Дар доираи ин парванда 22 кас ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, 22 кас бо моддаҳои "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", "Сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғоратгарӣ", "Дузди тавассути аз худсозӣ ё исрофкорӣ", "Соҳиб шудан, нобуд кардан, зарар расонидан ё кушодани ҳуҷҷатҳо, муҳрҳо, бланкаҳо, рақамҳои қайди давлатии нақлиёт", "Бетартибии оммавӣ", "Авбошӣ" ва ғайра айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG