Ссылки доступа

Соҳибкори ҳиндӣ гуфт, шаҳрдори Тошканд ба ӯ таҳдид кардааст


Соҳибкори ҳиндӣ Мурарӣ Лал Ҷалан, ки тарҳҳои "Minerva city", "Lake city" ва як қатор лоиҳаҳои дигарро дар Узбекистон иҷро мекунад, гуфт, шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ӯро таҳдид кардааст.

Мурарӣ Лал Ҷалан, ки молики ширкати "Minerva World of Knowledge" аст, дар ин бора дар суҳбат бо Хабаргузории "Kun.uz" изҳори назар кардааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ширкати "MJ Developers", ки соҳибкори ҳиндӣ тавассути он ба тарҳҳои мазкур сармоягузорӣ мекунад, 28 сентябри соли 2018 созишномаеро бо ҳукумати Узбекистон ба маблағи 100 млн доллар имзо ва сармоягузорӣ дар чаҳор тарҳи бузургтаринро оғоз карда буд.

"Мо чанд моҳ мешавад, наметавонем нақшаи комили генералии лоиҳаҳои шаҳри "Minerva city" ва "Lake city"-ро дастрас кунем. Хостам, бо шаҳрдори Тошканд мулоқот кунам, вале ӯ рад кард. Баъди ин кормандони сохторҳои давлатӣ, аз қабили додситонӣ, экология, бехатарии сӯхтори Узбекистон ғайричашмдошт ба кори бинокорон дахолат карданд", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи соҳибкори ҳиндӣ, ширкатҳои сохтмонии Узбекистон бо фармони раиси шаҳри Тошканд аз имзои қарордоди ҳамкорӣ бо ширкатҳои ӯ худдорӣ мекунанд. "Шаҳрдори Тошканд таҳдид кард, ки агар яке аз хоҳишҳои ӯро ихтиёран иҷро накунам, ҳамаи тарҳҳоро аз ман мегиранд", - афзудааст ӯ.

Дар шаҳрдории Тошканд иддаои соҳибкори ҳиндиро беасос хонда, гуфтанд, аз Додситонии кулли Узбекистон дархост мекунанд, то шикояти соҳибкорро санҷад.

XS
SM
MD
LG