Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон боздошти 18 касро дар рӯзи савгандёдкунии президент шарҳ дод


Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Игор Лепех дар ҳошияи ҷаласаи порлумонӣ тазоҳуроти худҷӯшро дар рӯзи интихоботи президентии ин кишвар дар шаҳри Остона шарҳ дод.

"18 нафар боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Тақрибан 300 нафар дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд. Баъди якуним соат даъватҳо барои рафтан ба қароргоҳи президент садо доданд", - иқтибос овардааст расонаҳои маҳаллӣ аз суханони Лепех.

Шаби 26 ноябри имсол даҳҳо нафар дар Остона дастгир шуданд. Он замон дар пойтахти Қазоқистон маросими савгандёдкунии президент Қосимҷомарт Тоқаев, ки барандаи интихоботи 20 ноябр эълом гашт, идома дошт.

Додгоҳи Остона як рӯз пас ҳукми ҳабси соҳибкор Марат Абиевро ба муҳлати 15 рӯз содир кард. Расонаҳо навиштанд, ки ҷонибдорони соҳибкор дар рӯзи савгандёдкунии президенти Қазоқистон дастгир шуданд ва ӯ низ дар миёни онҳо буд.

XS
SM
MD
LG