Ссылки доступа

Президенти Узбекистон қонун дар бораи тасдиқи созишномаҳои марзиро бо Қирғизистон имзо кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни Қирғизистон ва Узбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома оид ба мудирияти муштараки обанбори Кампирободро имзо кард.

Сомонаи президенти Узбекистон хабар медиҳад, ки созишномаи қитъаҳои алоҳидаи марзӣ аз 13 модда иборат аст.

Созишномаи обанбори Кампиробод бошад, аз 11 модда. Комисияи муштараки мудирияти обанбор ташкил ва фаъолияти он тасдиқ шудааст.

Пештар аз ин Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонун дар бораи тасдиқи созишномаи марзӣ байни Қирғизистону Узбекистонро имзо кард.

Ин созишнома рӯзи 3 ноябр аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Қирғизистону Узбекистон имзо шуда буд.

Рӯзи 17 ноябр порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома оид ба мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон қабул кард.

Ин санадҳо аз ҷониби порлумони Узбекистон низ тасдиқ шуданд.

Дар порлумони Қирғизистон тасдиқи санадҳои мазкур баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG