Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маъракае ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигорон ва расонаҳо оғоз мешавад


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон маъракаи иттилоотие ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигорон ва расонаҳо оғоз шудааст.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадаф аз ин маърака ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи кишварҳои гуногун ба вазъи озодии баён дар Қирғизистон аст.

Корбарони қирғизистонӣ дар чаҳорчӯби ин маърака, ҳолатҳои гуногуни фишор болои рӯзноманигорон ва расонаҳои хабарӣ дар кишварашонро бо хэштегҳои "#ForKyrgyzJurnalist" ва "#ForKyrgyzMedia" нашр мекунанд.

Интизор меравад, дар ин маърака рӯзноманигорони Гурҷистон, Молдова, Украина, Қазоқистон, Литва ва кишварҳои дигар низ ширкат кунанд.

Созмондиҳандагони маърака мегӯянд, иқдоми охирини онҳо муроҷиати хабарнигорон ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо талаби қатъи фишор ба хабарнигорону расонаҳо ва манъи ташаббусҳои қонунгузорие хоҳад буд, ки озодии баён ва фаъолияти воситаҳои ахбори омро дар кишвар маҳдуд мекунанд.

XS
SM
MD
LG