Ссылки доступа

Суҳбати телефонии Путин бо Мирзиёев. Дар бораи "иттиҳоди газ" чизе нагуфтанд


Раҳбарони Русия ва Узбекистон -- Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев 30 ноябр дар як суҳбати телефонӣ "масъалаҳои мубрами марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар"-ро баррасӣ карданд.

Дар иттилоияи расмии Кремл гуфта шуда, ки "ҷонибҳо дар бораи шарикии тиҷорӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки ояндадор сӯҳбат кардаанд". Аммо хадамоти матбуоти президентҳои ду кишвар дар бораи идеяи "иттиҳоди газ" миёни Русия, Қазоқистон ва Узбекистон чизе нагуфтаанд.

Ин суҳбати телефонӣ ду рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки президенти Қазоқтистон гуфт, Путин ба ӯ таъсиси "иттиҳоди сеҷонибаи газ" миёни Остона, Москва ва Тошкандро пешниҳод кардааст.

"Имрӯз бо Владимир Владимирович дар бораи он суҳбат кардем, ки як навъе эътилофи сеҷониба зарур аст ва вай тасмим дорад, ба президенти Узбекистон занг занад. Мо ҳам бояд вориди ин мавзуъ шавем то ин ки ба натиҷаҳои мусбат ва созиш расем. Чаро не", - гуфт Тоқаев.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дертар гуфт, идеяи Путин аз он иборат аст, ки интиқоли газ миёни се кишар ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, бояд "ҳамоҳанг" шавад.

Русия содиркунандаи азими гази табиӣ аст, дар ҳоле ки истихроҷи газ дар Қазоқистону Узбекистон танҳо барои пӯшонидани талаботи дохилӣ кифоят мекунад.

Қазоқистону Узбекистон бо Русия лӯлаи муштарак доранд, ки тариқи он метавон, гази Туркманистонро ба Чин интиқол дод.

XS
SM
MD
LG