Олег Крук, ки то ин дам муовини аввали раиси Павлодар буд, иҷрокунандаи вазифаҳои раиси вилоят таъйин шудааст.
Раҳбарони вилоятҳои Атирау ва Чимкент курсиҳои худро ҳифз карданд. Бейбит Исобоев раиси нави вилояти Жетису таъйин гаштааст. Барканории раиси Павлодар дар ҳолест, ки дар шаҳри Экибастузи он баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳӣ дар ҳавои то 30 дараҷа сард, вазъи изтирорӣ эълом шуд.
Бино ба иттилои шаҳрдории Экибастуз, ҷамъан дар ин шаҳр ҳудуди 130 бинои баландошёнаи зист бегармӣ мондаанд. Расонаҳо хабар доданд, ки 28 ноябр дар шаҳр боғчаҳо кор намекунанд ва мактабҳо ба омӯзиши фосилавӣ мегузаранд.
Садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз 27 ноябр рух додааст. Ин шаҳр 150 ҳазор аҳолӣ дорад.