Вай гуфт, тибқи натиҷаҳои пешакии санҷиш, садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз дар натиҷаи “амалҳои нодурусти кормандони ин марказ рух дода, ки боиси якбора боло рафтани фишор дар шабака шудааст”.
Мақомоти шаҳри Экибастузи вилояти Павлодари Қазоқистон баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард, вазъи изтирорӣ эълом карда буданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъан дар ин шаҳр ҳудуди 130 бинои баландошёнаи зист бегармӣ монда буд. Расонаҳо хабар доданд, ки 28 ноябр дар шаҳр боғчаҳо кор намекунанд ва мактабҳо ба омӯзиши фосилавӣ мегузаранд.
Садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз 27 ноябр рух додааст. Ин шаҳр 150 ҳазор аҳолӣ дорад.