Ссылки доступа

Мақомоти тоҷику қирғиз ҷанҷоли ахир дар марзро таҳқиқ мекунанд


Намояндагони хадамоти марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъди ҷанҷоли навбатӣ дар сарҳади ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд.

Дар иттилоияи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта шудааст, ки дар ин вохӯрӣ раҳбарони минтақавии вазоратҳои корҳои дохилӣ ва кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар иштирок доштанд.

"Ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтугӯ ҷузъиёти ҷанҷол миёни сокинони Қирғизистон ва Тоҷикистонро омӯхта, ба тавофуқ расиданд, ки аз шиддат гирифтани вазъ ва ҳама гуна иғво пешгирӣ кунанд. Сабаби ҷанҷол аз ҷониби маъмурони пулиси ду кишвар таҳқиқ ва ба он минтақа неруи иловагии пулис сафарбар карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи ҷониби Қирғизистон.

Тибқи иттилоъи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони марзии шаҳри Исфара субҳи 3 декабр байни тоҷикону қирғизтаборон ҷанҷолу даъво сар зад. Ҳодиса соати 11-и рӯз дар маҳаллаи Сомониёни болои ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон ва ҳаммарз бо деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон рух додааст.

Дар натиҷа як сокини маҳаллаи Сомониён ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхонаи марказии ҷамоати Чоркуҳ интиқол дода шудааст. Аз нафари ҷабрдида Ҳизбаллоҳ Оқилзодаи 21-сола ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG