Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон Ойбек Артибеков дар ҷаласаи кумита гуфт, тибқи ин созишнома, шаҳрвандони ду давлат метавонанд бо "ID-корт" ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
"Шаҳрвандоне, ки синашон аз 16 поин аст, ҳангоми гузаштан аз марз бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Дар ин бора 9 декабр дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон санаде имзо хоҳад шуд", - афзуд муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон.
Шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба кишварҳои ҳамдигар бо шиносномаи хориҷӣ сафар мекунанд.