"Аллакай се рӯз мешавад, низоми гармидиҳӣ дар 12-ошёнаҳои воқеъ дар кӯчаи Нуқус кор намекунад. Хонаҳо сард аст ва "Таштеплоэнерго" танҳо як посух - "фишор нест" дорад. Барои ҳалли ин мушкил бояд ба куҷо муроҷиат кард? Ҳоло аввали зимистон аст", - навиштааст яке аз сокинони баландошёнаҳои Тошканд дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.
Расонаҳо рӯзи 4 декабр хабар доданд, ки мақомоти шаҳри Тошканди Узбекистон нуқтаҳои фурӯши газро муваққатан бастанд. Дар хабари шаҳрдории Тошканд омадааст, ки ба далели фишори пасти газ чунин тасмим гирифта шудааст.
Ширкати "Ҳудудгазтаъминот"-и Узбекистон хабарҳоро дар бораи он ки нуқтаҳои фурӯши газ барои чанд рӯз баста мешаванд, рад кард.