Ссылки доступа

Қазоқистон аз шомил шудан ба "иттиҳоди газ" даст кашид. Узбекистон посухе намедиҳад


Россия хочет втянуть Казахстан и Узбекистан в новый «газовый союз».
Россия хочет втянуть Казахстан и Узбекистан в новый «газовый союз».

Қазоқистон пешниҳоди Путинро дар бораи "иттиҳоди сегонаи газ" ҷонибдорӣ накард. Роман Василенко, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, кишвараш иҷоза намедиҳад, ки барои давр задани таҳримҳои Ғарб истифода шавад.

Коршиносон мегӯяд, таъсиси "иттиҳоди газ" метавонист, ба Крем имкон диҳад, ки таҳримҳои Ғарбро давр занад ва газашро ба фурӯш барорад.

Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев дар охири моҳи ноябр пешниҳоди таъсиси "иттиҳоди газ"-ро байни Русия, Узбекистон ва Қазоқистон кард.

Тоқаев рӯзи 28 ноябр дар шаҳри Москва баъд аз дидор бо Путин дар бораи чунин пешниҳоде хабар дода буд.

"Усулан, мо ба ин омода ҳастем. Чаро не", - гуфта буд Тоқаев дар Москва. Аммо вай дертар мавқеашро тағйир дод.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои марбут ба Кремл дар Русия мавзуи "иттиҳоди газ"-ро миёни Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба таври густарда инъикос мекунанд, аммо аз мавқеи расмии Қазоқистону Узбекистон ёдовар намешаванд.

XS
SM
MD
LG