Ссылки доступа

Сохтмони роҳи оҳани фароафғонистонӣ $8 млрд харҷ хоҳад дошт


Покистон харҷи сохтмони роҳи оҳани "Термиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар"-ро 8 млрд доллар арзёбӣ кард. Дар ин бора нашрияи Samaa хабар медиҳад.

Дар бораи харҷи сохтмони роҳи оҳани мазкур котиби вазорати роҳҳои оҳани Покистон Зафар Ранҷа хабар додааст.

Моҳи феврали соли гузашта Узбекистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Тошканд харитаи роҳи сохтмони Роҳи оҳани фароафғонистониро имзо карданд. Он замон харҷи сохтмони мазкур 5 млрд доллар арёзбӣ мешуд.

Дар бораи тарҳи роҳи оҳан байни Узбекистон-Афғонистон-Покистон соли 2018 хабар расида буд. Сохтмони роҳи оҳан моҳи сентябри соли 2021 бояд оғоз мешуд. Аммо баъди ғасби Афғонистон аз сӯи толибон дар моҳи августи соли 2021, сохтмони роҳ низ ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG