Ссылки доступа

Сокинони "Нурафшон" дар ҷустуҷӯи мавҷи телефону интернет ба кӯҳу саҳро мераванд (гулчин)


Ганна Счасна-Гарус, вдова бійця з Дніпра, і її художня майстерня
Ганна Счасна-Гарус, вдова бійця з Дніпра, і її художня майстерня

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сокинони "Нурафшон" дар ҷустуҷӯи мавҷи телефону интернет ба кӯҳу саҳро мераванд. ​Сокинони як деҳаи дурдаст дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, барои тамос бо наздикони роҳдурашон ба теппаву кӯҳҳо мебароянд. Дар ин деҳ, мардум аз оддитарин шароит барои зиндагӣ, аз ҷумла обу роҳи дуруст ва телефону интернети хуб маҳруманд. (видео)

- Дар Тоҷикистон аз некиҳои Сорос гуфтанд, вале на ҳама. Дар шаҳри Душанбе бо баргузории як маросим аз поёни кори дафтари Бунёди Ҷомеаи Боз ва ё Бунёди Сорос хабар доданд, ки даҳсолаҳо боз дар Тоҷикистон кор мекард. Баъзеҳо аз кори хайри созмон дар ҳаққи маъюбон ва фарҳангиён таъриф мекунанд. Гуруҳи дигар, онро ба раҳандозии инқилоб муттаҳам месозанд. (видео)

- Тоҷикистон 300 миллион доллар қарз мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки соли оянда аз созмону кишварҳои хориҷӣ беш аз 300 миллион доллар қарз бигирад. Дар умум Тоҷикистон беш аз се миллиард доллар қарздор аст. Коршиносон ин қарзи бузургро барои ояндаи кишвар хуб намедонанд. (видео)

- Султонбинӣ Миргуловаи 90-сола - бонуи ошиқи китоб аз ноҳияи Ҳамадонӣ.​ Бо вуҷуди пиронсолӣ, муҳаббати як зани 90-солаи тоҷик ба китоб пир нашудааст. Мутолиаи китоб барои момаи Султонбибӣ Миргулова то ҳанӯз як одат аст. Одати хубе, ки ҳоло бисёре аз мардуми Тоҷикистон надоранд. Бе айнак, аммо як китобро метавонад ба такрор бихонад. (видео)

- Муҳоҷирони тоҷикро дар Мариуполи ғасбшуда фиреб доданд (видео)

- Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз "усулҳои дигари фишор" гуфт (видео)

- Дастури осору зиндагии Шаҳрияи шоира рӯнамоӣ шуд.​ “Маҷмӯи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” - дастури осор ва зиндагии шоири тоҷик, Шаҳрия Аҳтамзод дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд. (видео)

- Чанд қаҳрамон аз як хонаводаи тоҷик дар Қазоқистон.​ Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як оилаи тоҷик зиндагӣ мекунад, ки аз кӯдаки "гаҳвора" то бузурги он ҳама устодони шатранҷ ҳастанд. Бубинед, чӣ гуна зиндагиашонро тағйир додааст. (видео)

- Занони тоҷик роҳҳои муввафақ шудан дар тиҷоратро баррасӣ карданд. Аввали ҳамин ҳафта дар як ҳамоише дар Душанбе гуруҳе аз тоҷирону мутахассисон ҷамъ омаданд ва гуфтанд, ки чӣ кор бояд кард, то занони тоҷик дар тиҷорат муваффақ шаванд. Занон ки нисфе аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳангоми соҳибкорӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. (видео)

- Қиссаи ҷавони маъюб, ки ба артиш ҷалб шуд. (видео)

- Дар Душанбе роҳҳои сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ҳамоише дар Душанбе мавзуи сулҳ ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон баҳс шуд. Толибон, ки Афғонистонро дар даст доранд, ба он муттаҳам мешаванд, ки ҳукумати як қавмро ташкил кардаанд. Худи Толибон ба ин нишаст наомадаанд. (видео)

- "Дидам сару рӯяш сиёҳ". Хонаводаи як зани ҷавон аз ноҳияи Варзоб, ки беш аз як моҳ боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, дар бедарак шудани ӯ ҷабру ситам дар хонаводаи шавҳарашро сабаб медонанд. Иддаое ки шавҳари ин зан рад мекунад ва мегӯяд ҳамсараш барои муоина ба назди табиб рафт ва дигар барнагашт (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG