Ссылки доступа

Як низомии фирории русиягиро ихроҷ аз Қазоқистон таҳдид мекунад


Қазоқистон ба дархости як низомии русиягӣ барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ посухӣ рад додааст. Ин низомӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ аз сафарбарсозӣ дар Русия, барои ҷанги зидди Украина, ба Қазоқистон фирор кардааст.

Сарҳанг (майор) Жилини 36-сола, баъди он ки эҳтимоли ирсоли вай ба ҷанги Русия зидди Украина бештар шуд, моҳи сентябри соли 2022 аз Русия ба Қазоқистон фирор кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Reuters.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, вай дар шаҳри Семей "бо гумони убури ғайриқонунии сарҳад" боздошт шудааст. Додгоҳ Жилинро 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва қарори ихроҷи ӯро содир кардааст. Жилин талош дошт, ки визаи Канадаро дарёфт ва ба он кишвар сафар кунад. Аммо муваффақ нашудааст. Вай ахиран талош кардааст, ки ба Арманистон равад, вале дар фурӯдгоҳ боздошт шудааст.

Мақомоти пулиси Қазоқистон дар мавриди қазияи Жилин иттилоъ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG