Ссылки доступа

Дар Бишкек барои мошинҳои барқӣ "масирҳои сабз" ташкил мекунанд


Вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон Динара Қутманова 12 декабр дар ҷаласаи кумитаи порлумони он кишвар дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар самти мубориза бо ифлосшавии ҳаво суҳбат кард.

Ӯ шарҳ дод, ки "тумани ғуборолудизарарнок дар натиҷаи кадом фаъолият бештар ба вуҷуд меояд". "Чаро дуд пайдо мешавад? Имрӯз бахши хусусӣ саҳми бузург мегузорад. 47 маҳаллаи истиқоматии дорои 63 ҳазор хонавода бо сӯзишвории пастсифат гарм мешавад”, - афзуд ӯ Қутманова.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон уҳдадор шудааст, ки то соли 2030 партобҳои газҳои гулхонаиро 44% коҳиш диҳад ва барои иҷрои ин уҳдадорӣ як қатор тарҳҳо ба маблағи 6 миллиарду 700 миллион доллар таҳия ва баъзе аллакай тасвиб шудаанд.

"Ҳамчунин мо барои лоиҳае ба маблағи 20 миллион доллар розигӣ гирифтем. Мо дар семоҳаи аввали соли 2023 броҳандозии хатсайрҳои сабз, хатҳои сабз ва майдонҳоро шурӯъ мекунем. Ҳаракати нақлиёте, ки аз сӯзишворӣ истифода мебаранд, дар чунин масирҳо манъ хоҳад буд. Танҳо мошин ва автобусҳои барқӣ метавонанд ҳаракат кунанд. 200 мошини сабукрав ва 100 автобуси барқӣ сафарбар мекунем", - хабар дод вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG