Ссылки доступа

"Буҷавиҳо"-и Туркманистонро дар ҳавои сард иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд


Мақомоти вилоятҳои Дашоғуз ва Лебапи Туркманистон кормандони "буҷавӣ"-ро маҷбур мекунанд, ки дар маъракаи ҷамъоварии пахта ё шахсан иштирок кунад ва ё пули пахтачини кирояро аз ҳисоби худ пардозанд.

Хабарнигорони бахшии туркмании Радиои Озодӣ ва манобеи маҳаллӣ мегӯянд, ҳар чаҳорумин корманди як муассиса ё корхонаи буҷавӣ сарфи назар аз сардии ҳаво дар минтақа маҷбур аст, ки дар мавсими пахтачинӣ иштирок кунад.

"Дар рӯзҳои корӣ аз 20 коргар 5-нафарӣ бо навбат мераванд. Онҳое, ки дар басти шабона кор мекунанд, пас аз кор ба пахтачинӣ фиристода мешаванд. Рӯзҳои истироҳат кормандони буҷавӣ ба таври дастаҷамъӣ пахта мечинанд", - хабар дод як манбаъ аз Дашоғуз.

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 5-уми декабр дар ҷаласаи корӣ бо раҳбарони вилоятҳо дастур дод, ки "то охирин пахтаро ҷамъоварӣ кунанд".

Тибқи пешгӯии обуҳаво дар вилояти Дашоғуз ҳаво рӯзона то -4 дараҷа ва шабона -15 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Лебап рӯзона то 2 дараҷа ва шабона 10 дараҷа сард аст.

XS
SM
MD
LG