Ссылки доступа

Дар 11 моҳ наздики 18000 қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон хабар дод, ки то 1 декабри имсол 17 ҳазору 888 қазоқтабор аз хориҷ ба ин кишвар баргашта, мақоми "кандас" (ҳамхун)-ро расман дарёфт кардааст.

Манбаъ афзудааст, ки беш аз нисфи ин қазоқтаборҳо аз Узбакистон, 9,9 дарсад аз Русия, 9,1 дарсад аз Туркманистон, 8,6 дарсад аз Чин, 4,9 дарсад аз Муғулистон ва 4 дарсад аз кишварҳои дигар ба Қазоқистон рафтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, 59,4 дарсади кандасҳоро афроди қобили меҳнат ташкил дода, 13,7 дарсад нафақахӯранд. Аз соли 1991 наздики 1,7 миллион қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст.

Дар Қазоқистон моҳи майи соли гузашта ба як қатор қонунҳои марбут ба муҳоҷират тағйирот ворид карданд. Бар асоси ин тағйирот, қазоқҳои баргашта баъди омадан ба Қазоқистон ба ҷои мақоми оралманӣ мақоми "кандас" (ҳамхун)-ро дарёфт мекунанд.

Қазоқтаборе, ки мақоми кандасро дарёфт кардааст, бо навиштани як ариза шаҳрванди Қазоқистон мешавад.

XS
SM
MD
LG