Ссылки доступа

Миҷгона дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар Русия медали тило гирифт


Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт медали тило ба даст овард.

Ин мусобиқа аз 5-ум то 10-уми декабр ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов дар шаҳри Белоярски Русия бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифт.

Миҷгона Самадова дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Беларус ва Русия ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар финал Евгения Лочкановаи русиягиро мағлуб кард ва бо медали тило сарфароз гашт. Зимнан, Миҷгона соли гузашта низ ба гирифтани медали тилои Ҷоми ҷаҳонии бокс даст ёфта буд.

Ду варзишгари дигари тоҷик – Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни то 81 кило дар ин мусобиқаи анъанавӣ ҷойҳои сеюмро гирифта, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG