Ссылки доступа

Эътирозгареро дар Эрон бо айби қатли ду низомӣ ба дор овехтанд


Рӯзи 12 декабр дар Эрон нафари дуюмеро аз миёни эътирозгарони боздоштшуда ба дор овехтанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Мизон”, бо қарори додгоҳи шаҳри Машҳад Маҷидризо Раҳнавард дар куштори ду ходими амниятӣ гунаҳгор дониста шуд.

Дар додгоҳ гуфта шуд, ки ӯ дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябр ба ду узви нирӯҳои "Басиҷ" бо корд ҳамла карда онҳоро куштааст.

Эътирозҳое, ки аз миёнаҳои моҳи сентябр дар саросари Эрон паҳн шуд, дар робита бо марги Маҳсо Амнии 22-сола дар идораи полис баъди боздошташ, барои ба истилоҳ, бадҳиҷобӣ буд.

Мақомоти ҷумҳурии исломӣ бо саркӯби сахту сангине вокуниш карданд ва дар натиҷа, даҳҳо нафар кушта шуд.

Рӯзи 8-уми декабр мақомот ҳукми қатли як ширкатдори дигари эътирозҳоро иҷро карданд. Эътирозҳову саркӯб ва ҳам ҳукмҳои сангини боздоштшудаҳо мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ шуд.

XS
SM
MD
LG