Ссылки доступа

Дар Узбекистон кормандони норозӣ аз қатъшавии газро ҳабс карданд


Бӯҳрони энержие, ки ба далели якбора поин рафтани ҳарорати ҳаво бо омадани зимистон дар Узбекистон оғоз шуд, норозигии мардумро рӯз то рӯз бештар мекунад.

Коргарони ширкати гаҷбарории “ALBUS” дар вилояти Фарғона, ки як рӯз пеш баъди тасмими мақомот дар бораи қатъи интиқоли газ ба корхона гирдиҳамоӣ карда буданд, 7 декабр ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Коргарон ба “майдаавбошӣ” ва “вайрон кардани тартиби гузарондани тазоҳурот” айбдор карда шуданд. Шаш нафари онҳо ба муҳлати 5 шабонарӯз ва як нафари дигар ба муҳлати 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.

Яке аз кормандони “ALBUS” ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, қарори қатъи интиқоли газ ба корхона ҳамаи онҳоро аз ҷои кор маҳрум кард ва бинобар ин, кормандон ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ карданд.

Вазири энержии Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов дар шарҳи гирдиҳамоии “ALBUS” гуфт, дар корхона на 10 ҳазор нафар, балки ҳамагӣ чандсад нафар кор мекунанд. Ба гуфтаи вазир, корхонаро дар мавриди гузаштан ба навъи алтернативии сӯзишворӣ пешакӣ огоҳ кардаанд. Дар ин ҳодиса раҳбарияти ширкат гунаҳкор мешавад.

XS
SM
MD
LG