Ссылки доступа

Таҳдиди Роскомнадзор ба нашрияи дигари Қазоқистон


Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилотӣ ва иртибототи ҷамъии Русия ё худ Роскомнадзор ба нашрияи дигари қазоқистонии "Власть" огоҳинома фиристода, талаб кардааст, ки хабарҳо дар бораи ҳамлаи Русия ба Украинаро аз сомонааш ҳазф кунад.

Роскомнадзор таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро нашудани талаб дастрасӣ ба сомонаи мазкур дар Русия маҳдуд карда хоҳад шуд. Дар ин бора худи нашрияи "Власть" хабар дода, афзудааст, ки "талаби Роскомнадзорро иҷро карданӣ нестем".

Роскомнадзор аз ҷумла талаб кардааст, ки хабари партоби мушакҳои Русия ба шаҳри Виннитсаи Украина, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд ва ҳамчунин хабар дар бораи кушта шудани мардуми осоишта дар шаҳри Мариуполи Украина, ки чандин моҳ дар муҳосираи неруҳои Русия буд, ҳазф шаванд.

Сомонаи қазоқистонии Аrbat.media ҳам рӯзи 14 ноябр хабар дода буд, ки Роскомнадзор аз ин сомона талаб кардааст, то мақолаеро дар бораи вазъи ҷанг дар Украина пок кунад.

Сомонаи мазкур мақолаеро таҳти унвони "Ғосибони русиягӣ дар вилояти Херсон шикаст мехӯранд, аммо намехоҳанд онро эътироф кунанд" нашр кард.

Ин бори аввал нест, ки "Роскомнадзор" аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина аз расонаҳои қазоқистонӣ талаби поксозии ин ва ё он матлабро мекунад. Пештар аз ин борҳо чунин талаб нисбати расонаҳои қазоқистонӣ садо дода буд.

XS
SM
MD
LG