Ссылки доступа

Идомаи тамдиди ҳабси фаъолон дар Қирғизистон


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарор кардааст, ки фаъолони мадании боздоштшуда Алӣ Шабдон, Ойбек Бузурманқулов ва Марат Баёзов дар ҳабс дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонанд.

Дар додгоҳ гуфтанд, ки муҳлати ҳабси гумонбарони мазкур дар доираи "парвандаи Кампиробод" то 20 феврали имсол дароз карда шудааст.

Қаблан низ муҳлати ҳабси фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон Чингиз Капаров, Илгиз Шаменов, Айданбек Акматов, Оқил Айтбоев дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек тамдид шуд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 9 декабр ҳам муҳлати ҳабси пешакии гумонбарони дигари парвандаи "Кампиробод" - Азимбек Бекназаров ва Орозайим Норматоваро тамдид карда буд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG