Ссылки доступа

Амрико аз созиши марзии Узбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард (видео)


Вазири умури хориҷии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 12 декабр гуфт, Вашингтон аз созиши марзӣ миёни Тошканд ва Бишкек, ки баъди гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар ИМА ҳосил шудааст, истиқбол мекунад.

"Чун ҳамеша қайд мекунам, ки ИМА аз соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Узбекистон ҷонибдорӣ мекунад. Ман аз таъйин ва аломатгузории марзи Узбекистон бо Қирғизистон истиқбол менамоям. Ин сигнале неруманде аст, барои кишварҳои дигари минтақа, ки баҳсҳои марзиро мешавад бо роҳи дипломатӣ ҳал кард", - афзудааст ӯ.

Президентони Қирғизистон ва Узбекистон чанд санади марбут ба аломатгузории марз миёни ду кишвар, аз ҷумла, созиши мудирияти обанбори Кампирободро имзо карданд.

Ин марҳилаи ниҳоии созиши ду кишвар дар мавриди таъину аломатгузории марзи миёни Узбекистону Қирғизистон дониста мешавад.

Рӯзи 17 ноябри имсол порлумони Қирғизистон тарҳи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома оид ба мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо Узбекистон қабул кард.

XS
SM
MD
LG