Фаъолон мехостанд, дар робита ба ирсоли кӯмак ба Украина дар ҷанг бо Русия, берун шудани Қазоқистон аз СПАД, таҳқиқи марги қурбониёни Жанаозен, Желтоксан ва "январи хунин" гирдиҳамоӣ баргузор кунанд.
Пештар аз ин ҳукуматҳои Петропавловск, Уралск, Оқсой ва Остона ба дархости фаъолон барои баргузории гирдиҳамоиҳо дар рӯзҳои 16-18 декабр посухи рад доданд.
Ҳамасола фаъолон дар Қазоқистон рӯзи 16 декабр ба поси хотири қурбониёни ҳодисаҳои декабрии соли 1986 ва ҳодисаҳои соли 2011, ки дар шаҳри Жанаозен рух доданд, гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд.
Рӯзи 16 декабри соли 2011 пулис дар Жанаозен сӯи эътирозгарон тир кушод. Нафткашҳо он сол ба эътироз баромада, маоши бештар талаб доштанд. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тиркушоии пулис 17 кас кушта, бештар аз 100 тан ҷароҳат бардошта буданд.