Ссылки доступа

"Парвандаи Кампиробод": 19 боздоштшуда гуруснанишинӣ эълом кард


Ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасулова мегӯяд, шумори гумонбарони "парвандаи Кампиробод", ки гуруснанишинӣ эълом кардаанд, ба 19 нафар расидааст.

"Ҳафт гумонбари ҳабсшуда 14 декабр ба Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон дар бораи гуруснанишинии худ расман хабар доданд. Имрӯз, 15 декабр 12 нафари дигар ба онҳо пайваст. Ҷамъан 19 кас гуруснанишинӣ эълом кардааст", - гуфт ӯ.

Сухангӯи Хадамоти иҷрои ҷазо Элеонора Сабатарова гуфт, то ҳол 7 ҳабсшуда ин ниҳодро дар бораи гуруснанишинии худ расман хабар кардааст. Дар бораи тасмими гуруснанишинии гумонбарони боқӣ иттилое надоранд.

Пештар аз ин боздоштшудаҳои дигари "парвандаи Кампиробод" Клара Сооронқулова, Рита Карасартова, Перизат Суранова ва Орозайим Нарматова муроҷиатномаеро ба унвонии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷомеаи кишвари худ нашр карданд.

Фаъолон гуфтаанд, ба далели "таъқибҳои густардаи сиёсӣ, ки бозшавии парвандаҳои сохтаи ҷиноӣ, ноадолатӣ ва беқонуниро нисбат ба доираи васеи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони мадании Қирғизистон дар пай доранд, аз 14 декабр гуруснанишинӣ эълом мекунанд".

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG