Ссылки доступа

Бузургмеҳр Ёровро дар зиндон танбеҳи сахт додаанд


Бузургмеҳр ва Ҷамшед Ёров
Бузургмеҳр ва Ҷамшед Ёров

Бузургмеҳр Ёров, як вакили шинохта ва зиндонӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми риоят накардани қоидаҳои зиндон ва нофармонӣ ба посбонҳо танбеҳи сахт гирифтааст.

Модар ва бародари ӯ рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додгоҳ моҳи ноябр амр додааст, то Бузургмеҳр Ёров ду соли ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахттар адо кунад. Вакили тоҷик, то кунун дар зиндони шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешуд. Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр, имрӯз дар як паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт.

“Дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат як муноқиша ё баҳси вобаста ба мавқеи пешво ба вуҷуд меояд. Инро худи мақомот ташкил мекунанд, то бори дигар ҳуқуқвайронкунии Бузургмеҳрро нишон диҳанд. 5 нафарро бо Бузурмеҳр ба Картсер интиқол медиҳанд. Рӯзи дигар Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба маҳбас омада, Бузургмеҳрро ду соли нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш пурзуртари Душанбе ҷазо додааст. Яъне аз 28 сол ҳукме, ки ба ӯ дода буданд, бояд ду солаш дар зиндони Душанбе адои ҷазо кунад.” - афзуд, Ҷамшед Ёров.

Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия дар бораи қазия шарҳе надодааст. Ҷамшед Ёров ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ба зидди бародараш, ки аз сиёсатҳои ҳукумат зиёд интиқод мекард, парвандаи дигаре боз кунанд. Ҷамшед илова кард: “Айни ҳол аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон бо воситаҳои ғайриқонунӣ аз маҳбусони шаҳри Ваҳдат баёноти маҷбурӣ мегиранд, ки гӯё Бузургмеҳр онҳоро ба итоат накардан ба мақомоти қудратӣ даъват мекардаасту ба ягон ошӯб омодагӣ медида бошад. Эҳтимол дорад, ки нисбати Бузургмеҳр Ёров ба наздикӣ боз як парвандаи дигар оғоз ва мӯҳлати ӯ дарозтар карда шавад.”

Дар ҳамин ҳол Ҳуриниссо Исҳоқова модари солхӯрдаи Бузаргмеҳр Ёров рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шанбеи гузашта ҳамсараш барои Бузургмеҳр ғизо ва либос бурда, бо ӯ мулоқот кардааст. “саломатиаш хуб асту ҳеҷ шикояте надорад” – афзуд, Исҳоқова. “Вай дар маҳбаси Ваҳдат мудири китобхона буд, лекин ӯро барои ҷазои сахттар ба Душанбе овардаанд, ҳамамон дар ташвишем”- илова кард, модари Бузургмеҳр.

Бузургмеҳр Ёров, ки соли 2015 аз ҳуқуқи 14 узви раёсати Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард, дар ҳамон сол бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст.

Як кумитаи Созмони Милал ҳам муҳокимаи ӯро олуда ба қонуншиканӣ ва ноодилона хонда аз ҳукумат хостааст, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад.

XS
SM
MD
LG