Ссылки доступа

"Оби гарм ҳаст, аммо хонаҳо хунук." Шикояти сокинони Душанбе аз низоми гармидиҳӣ


Сокинони бархе аз маҳаллаҳои Душанбе аз низоми гармидиҳии пойтахт норозигӣ доранд. Онҳо мегӯянд, имсол кори батареяҳои гармидиҳии Душанбе мисли солҳои пеш нест ва он тавони пурра гарм кардани хонаҳоро дар сардиҳои зимистон надорад. Дар идораи шабакаҳои барқу гармидиҳии пойтахт, масъаларо шарҳ надоданд, аммо дар ширкати "Барқи тоҷик" вуҷуди ин мушкилро тасдиқ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, як сабаб коҳиши интиқоли газ аз Узбекистон аст.

Султоншоҳ Саидҷаъфаров, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, дар батарея ё лулаҳое, ки дар хонааш насб шудаанд, оби гарм ҳаст, вале ба гуфтаи ӯ ин гармӣ ба ҳадде нест, ки манзилро гарм кунад.

"Хонаҳо хунук аст. Мо маҷбурем барои гарм кардани хона аз барқ истифода барем. Чунки ду кӯдаки хурдсол дорем, хона бояд ҳамеша гарм бошад. Маълум аст, ки об ҳаст, аммо хонаҳоро гарм намекунад. Зӯраш намерасад,"-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Сокинон мегӯянд, пули оби гарму сардро саривақт мепардозанд ва мехоҳанд, ки масъулон ҳам корашонро дуруст анҷом диҳанд. Набуди гармӣ хароҷоти сокинонро зиёд кардааст. Онҳо маҷбуранд хонаҳои сарди худро бо бухориҳои барқӣ гарм кунанд.

Чаро хонаи сокинон дар Душанбе “дуруст гарм намешавад”?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:50 0:00

Султоншоҳ Саидҷаъфаров мегӯяд, "мо ҳамеша саривақт пули гармиро месупоридем. Ҳозир маҷбурем ҳам пули печи барқиро супорем ва ҳам пули оби гармро."

Бархе аз идораву корхонаҳо ҳам ҳоло ҳамин мушкилро доштаанд. Кормандони як кошонаи ҳусн дар ноҳияи Сино аз кори идораи таъмини оби гарм имсол розӣ нестанд.

Назокат Ашурова, масъули кошонаи ҳусн мегӯяд, ба онҳо тавсия доданд, ки ҳавои иловагиро аз қубурҳо бароранд ва мушкил ҳал мешавад, аммо баъди ин кор ҳам мушкил бартараф нашуд.

Баъзе сокинон мегӯянд, муроҷиатҳои пайвастаи сокинон дар ин бора ба мақомот ҳам бенатиҷа будааст.

Дар ду маркази барқу гармидиҳии Душанбе касе ҳозир нашуд ба хабарнигори Озодӣ масъаларо шарҳ диҳад. Аммо дар ширкати "Барқи тоҷик" мушкил мавҷударо тасдиқ кардаанд.

Хабаргузории "Авесто" аз як қавли як манбаъ дар ин ширкат навишт, ҳарорати об дар ноҳияҳои Душанбе фарқ мекунад. Дар Маркази барқу гармидиҳӣ-2 ҳарорат ба 73 дараҷа мерасидааст ва фаъолияти ин марказ бо ангишт буда, дар таъмини сокинон бо оби гарм мушкиле ҷой надоштааст. Аммо ба гуфтаи масъулин бо сабаби коҳиш ёфтани интиқоли гази Узбекистон дар дигар марказҳои барқу гармидиҳӣ ҳарорат нисбатан паст шудааст.

Дар ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, ин моҳ интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфтааст. Узбекистон ҳоло ба бӯҳрони энержӣ рӯ ба рӯ шудааст ва сокинонаш аз камбуди газу барқ шикоят мекунанд.

Имсол дар Душанбе мавсими гармкунии хонаву корхонаҳо аз охири октябр сар шуд. Мақомот мегӯяд, то моҳи ноябр ба беш 2 ҳазору 762 бинову иншоот гармӣ интиқол шудааст.

Сокинон дар ин чанд соли ахир аз он хушҳол буданд, ки хароҷоташон барои гарм кардани хонаҳо ва барқ акнун камтар шудааст. Аммо ҳоло маҷбуранд ҳам пули батарея ё бухориҳои гармидиҳиро диҳанду ҳам барои истифодаи бухориҳои барқӣ маблағ пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG