Ссылки доступа

Корманди пешини Twitter бо айби ҷосусӣ ба нафъи Риёз зиндонӣ шуд


Ахмад Абуаммо
Ахмад Абуаммо

Додгоҳе дар Сан-Франсискои ИМА корманди пешини Twitter Аҳмад Абуамморо бо айби ҷосусӣ ба нафъи Арабистони Саудӣ 3,5 сол зиндонӣ кард.

Абуаммо дар Twitter солҳои 2013-2015 кор мекард. Ба иттилои тафтишот, вай дигарандешони Арабистони Саудиро таъқиб карда, маълумоти шахсиашонро ба ҳукумати Арабистон интиқол медодааст.

Ҳамроҳ бо як ҳамкори дигараш Абуаммо ба бештар аз 6 ҳазор саҳифаи корбарони Twitter дастрасӣ доштааст. Дар ивази интиқоли маълумоти шахсии корбарон Абуаммо аз ҳукумати Арабистони Саудӣ 200 ҳазор доллар ва соатҳои гаронбаҳо дарёфт кардааст.

Интиқоли маълумоти шахсии корбарон - асосан афроди саршинос ва рӯзноманигорон аз Арабистони Саудӣ ва Африқои Шимолӣ - онҳоро дар баробари ҳукумати Арабистони Саудӣ осебпазир кардааст, бовар доранд додситонҳои ИМА. Миёни афроде, ки маълумоти шахсиашонро Абуаммо интиқол додааст, саҳифаи Умар Абдулазиз, дигарандеш ва шахси наздик ба рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ низ ҳаст.

Хошуқчӣ дар ИМА зиндагӣ ва дар нашрияи The Washington Post кор мекард. Вай дар мақолаҳояш аз ҳукумати Арабистони Саудӣ интиқод мекард. Соли 2018 ӯро дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия куштанд. Мақомоти ИМА гуфтанд, боздошт ва қатли рӯзноманигорро ҳукумати Арабистони Саудӣ тасдиқ кардааст. Риёз ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG