Ссылки доступа

Дар Қазоқистон чанд фаъоли ҳаракати "Oyan, Qazaqstan"-ро дастгир карданд


Шаш фаъоли ҳаракати мадании "Oyan, Qazaqstan" дар Қазоқистон - Бота Шарипжан, Мира Унгарова, Фариза Оспан, Нагашибек Бекдаир, Бауржан Адилхон ва Асем Жапишева - нимаи аввали рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Алмато дастгир шудааст.

Асем Жапишева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки пулис Шарипжан, Бекдаир ва Унгаровро дар манзили зисташон дастгир карда, ба шуъба бурдаанд. Ӯ дертар дубора навишт, ки "маро низ мебаранд".

Унгарова афзуда, ки ӯро ба “нақзи қонун дар бораи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта” айбдор мекунанд. Тамос бо боздоштшудаҳо дар ҳоли ҳозир номумкин аст.

Узви дигари ҳаракат Бейбарис Толимбеков ҳам субҳи рӯзи ҷумъа дастгир шудааст. Сабаби боздошти ӯ номаълум мебошад.

Аъзои "Oyan, Qazaqstan" 16 декабри соли гузашта низ дар Қазоқистон барои чанд соат боздошт шуда буданд. Ин ҳаракат баъди истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ташкил шуда, ба ислоҳоти сиёсӣ, чандинҳизбӣ ва интихоботи одилона дар он кишвар даъват мекунад.

XS
SM
MD
LG