Ссылки доступа

Муовини пешини шаҳрдори Бишкек боздошт шуд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон муовини пешини шаҳрдори Бишкек ва раиси собиқи ширкати "Бишкексвет"-ро боздошт кардааст.

Дар иттилоияи расмии кумита омадааст, "дар “Бишкексвет” аз соли 2019 то соли 2021 “ба таври мунтазам азхудкунии ғайриқонунӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷаи корхона ба миқдори махсусан калон” роҳандозӣ карда шудааст". Ҳамчунин дар ин корхона хароҷоти таъмирро "бо роҳи сунъӣ" зиёд нишон додаанд.

Хадамоти матбуотии кумита ному насаби боздоштшударо пурра зикр накарда, танҳо аз ӯ А.А.А. ном бурдааст.

Корхонаи давлатии "Бишкексвет"-ро солҳои 2019-2020 Абдилдаев Алимбек Анарбекович раҳбарӣ карда, ӯ муовини шаҳрдори пойтахти Қирғизистон ҳам буд.

XS
SM
MD
LG