Ссылки доступа

Хонаи хидматии раиси Сенати Узбекистонро ғорат кардаанд


Вазорати умури дохилии Узбекистон гуфтааст, аз манзили зисте, ки ба раиси Сенати порлумони ин кишвар Танзила Норбоева тааллуқ дорад, 25 ноябри имсол 12 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гум шудааст.

Дар хонаи хидматии Норбоева, ки дар маҷмааи махсуси ҳукуматӣ дар Дурмен ҷойгир аст, духтари ӯ Нилуфар Камолова ҳамроҳи хонаводааш зиндагӣ мекардааст.

Дар робита ба гум шудани пулҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва ду зан дастгир карда шудааст. Яке аз гумонбарон занест, ки ҳамчун доя дар хонаи Камолова кор мекард.

Дар хадамоти матбуотии Сенати Узбекистон ин хабарро тасдиқ карданд, вале шарҳ надоданд, ки чаро дар хонаи хидматӣ на раиси сенат, балки духтари ӯ зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин гӯиё Норбоева аз қазия огаҳӣ надоштааст.

Доя, ки бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд, гуфтааст, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро таҳқир ва шиканҷа кардаанд. "Онҳо нахуст маро латтукӯб карда, сипас амр карданд, ки либосҳоямро барорам. Гуфтанд, маро бараҳна карда, сурат мегиранд ва ба шавҳарам мефиристанд", - навиштааст зан дар шикояти худ ба додситонӣ.

Духтари раиси сенати Узбекистон баъди баҳсбарангез шудани моҷаро шикояти худро пас гирифтааст. Дар натиҷа гумонбар аз ҳабс озод карда шудааст.

XS
SM
MD
LG