"Институти якуми лоиҳакашӣ ва тадқиқотии Чин дар моҳи ноябри имсол таҳқиқоти саҳроиро анҷом дод. Дар Бишкек дафтари лоиҳавӣ таъсис дода мешавад. Шакл ва тартиби идораи лоиҳа муҳокима хоҳанд шуд. Бо созмонҳои молии байналмилалӣ гуфтугӯҳо сурат хоҳад гирифт. Дар умум, қарор аст, то 1-уми июни соли оянда асосҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳа омода карда шаванд", - омадааст дар хабари маъмурият.
Қаблан Донишкадаи лоиҳасозии сохтмони роҳи оҳани Чин ваъда дода буд, ки моҳи апрели соли 2023 коркарди тарҳи асосноксозии техникиву иқтисодии роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон"-ро ба поён хоҳад расон.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дар мавриди сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо ба имзо расид.
Ташаббуси сохтмони роҳи оҳан байни Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз соли 2000 садо дода буд, аммо то кунун ин тарҳ амалӣ нашудааст.