Ссылки доступа

Додгоҳи олии Узбекистон мумкин аст, 173 қурбонии таъқибҳои сталиниро сафед кунад


Рӯзи 19 декабр Додгоҳи олии Узбекистон ба баррасии парвандаи 173 касе шуруъ кард, ки қурбонии таъқибҳои сталинӣ шуда буданд.

Ба иттилои маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон, онҳое барои сафедсозӣ интихоб шудаанд, ки Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ пештар онҳоро сафед накарда буд.

Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо фармони президенти Узбекистон 8 октябри соли 2020 таъсис шудааст.

Ибтидои соли ҷорӣ Додгоҳи олии Узбекистон 120 қурбонии таъқибҳои сатлиниро сафед карда буд.

Пештар аз ин додгоҳи мазкур 115 тани дигарро сафед сохта буд.

"Таъқибшудаҳо роҳбарон, олимон, нависандагон, пизишкон, омӯзгорон буданд. Онҳо намояндагони беҳтарини мардуми мо буданд. Низоми пешин ба ақлҳое ниёз надошт, ки чашми миллатро боз мекарданд. Айби онҳо танҳо ҳамин буд, ки онҳо бузург буданд", - гуфта буд Мирзиёев 31 августи соли 2021.

Дар солҳои 1937-1953 ҳазорон сокини Узбекистон гирифтори таъқибҳои маъруф ба сталинӣ шуда буданд. Ба вижа, 13 ҳазор кас кушта, ҳазорон тани дигар бадарға шуданд.

XS
SM
MD
LG