Ссылки доступа

Таҳқиқот: чӯбу тахтаи Белорус тавассути Қирғизистону Қазоқистон ба Аврупо содир мешавад


Содироти чӯбу тахтаи Белорус ба Иттиҳоди Аврупо баъди эъломи таҳримҳо тавассути Қирғизистон ва Қазоқистон афзоиш ёфтааст.

Маркази таҳқиқотии Белорус (МТБ) дар гузориши нави худ гуфтааст, ки содироти чӯбу тахтаи ин кишвар бо вуҷуди эъломи таҳримҳо ба ИА идома дорад.

МТБ муайян кардааст, ки баъди таҳрими чӯбу тахтаи Белорус содироти ин навъи маҳсулот аз Қазоқистон ва Қирғизистон ба ИА дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 74 ва наздики 18 ҳазор бор афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар ду кишвар аз Белорус чӯбу тахта ворид мекунанд.

Чӯбу тахтаи Белорусро дар ИА асосан Лаҳистон, Литва, Латвия, Олмон ва Ҳоланд харидорӣ мекардаанд.

Қаблан хабарнигорони Радиои Озодӣ низ муайян карда буданд, ки Русия барои давр задани таҳримҳои ИА маҳсулотро аз Қирғизистон ва Қазоқистон харидорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG