Ссылки доступа

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора поин рафт


Қурби рубли русӣ баъди чанд муддати болоравӣ, дубора ба таври қобили мулоҳиза поин рафт. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1000 рубли русиро 147 сомону 50 дирам таъин кардааст.

Дар як ҳафтаи пеш 1000 рубли русӣ ба 162 сомонӣ мубодила мешуд. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ надоданд, ки қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ чаро якбора поин рафт.

Мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим аст. Наздиконашон аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон ба онҳо сомонӣ медиҳанд. Наздикони муҳоҷирон аз боло рафтани қурби рубл хушҳолӣ доштанд, вале зоҳиран ин хурсандӣ дер давом накард.

XS
SM
MD
LG