Ссылки доступа

Қазоқистон имкони ба Олмон интиқол додани нафтро баррасӣ мекунад


Ба иттилои Мағзум Мирзогалиев, раиси ширкати миллии нафту гази “КазМунайГаз”, Қазоқистон масъалаи интиқоли нафт ба Олмонро моҳи оянда баррасӣ мекунад.

“Тибқи дастури президенти Қазоқистон, "КазМунайГаз" имкони интиқоли озмоишии нафтро ба Олмон моҳи январи соли 2023 баррасӣ мекунад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат аз қавли Мирзогалиев.

Бино ба хабари дафтари матбуоти КМГ, 20 декабр раиси КМГ Мағзум Мирзогалиев бо Майкл Келлнер, котиби давлатии Вазорати иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон тавассути иртиботи видеоӣ мулоқот анҷом додааст. Инчунин ӯ дар Остона бо Кристиан Горке, вакили парлумони Олмон суҳбат анҷом додааст.

Ҷонибҳо масъалаи содироти нафти Қазоқистонро ба шаҳри Шведти Олмон баррасӣ кардаанд. Вакили Бундестаг дар рафти мулоқот ба “таҳвили устувори ашёи хом аз Қазоқистон тавассути лӯлаи нафтгузари “Дружба” умед бастааст.

Раҳбари КМГ имкони содироти нафти Қазоқистонро тавассути ин лӯла ба Олмон таъйид кард, аммо ба зарурати ҳалли масъалаҳои шартномавӣ ва фаннӣ ишора намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотӣ.

Мақомоти Олмон ният доранд бар асоси таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо то охири сол воридоти нафти Русияро тадриҷан қатъ кунанд ва бо Лаҳистон барои таъмини интиқоли нафт ба корхонаҳои коркарди нафти шаҳри Шведт, ки тақрибан 90 дарсади бензин ва дизелро ба Берлин таъмин мекунад, музокира мекунанд.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Ройтерз” бо истинод ба Майкл Келлнер, котиби давлатии Вазорати иқтисоди миллии Олмон хабар дод, ки Берлин барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон талош мекунад.

Намояндагони ҳукумати Олмон тирамоҳ ду маротиба аз Қазоқистон дидан карданд. Ва дар ин дидорҳо ба ҳамкорӣ дар бахши нафту газ ҳам таъкид шудааст.

Намояндагони ҳукумати Олмон дар тирамоҳ ду маротиба аз Қазоқистон дидан карданд. Дар ду маротиба гуфтушунид аз чумла ба хамкорй дар сохаи нефту газ дахл дошт.

Лӯлаи нафти "Дружба" конҳои нафти Русияро бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мепайвандад. Бархе аз коршиносон қаблан изҳори шубҳа карда буданд, ки гумон аст Русия дар пасманзари таҳримҳои густурда алайҳи Маскав ба Қазоқистон иҷоза бидиҳад, ки аз он барои афзоиши интиқоли нафт ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо истифода кунад.

Иқтидори солонаи корхонаи коркарди нафти Шведт беш аз 10 миллион тонна нафти хомро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG