Ссылки доступа

Хазинаи амволи давлатии Қирғизистон ният дорад, барои арзёбии "Алфа Телеком" 8 млн. сом пардозад


Хазинаи идораи амволи давлатӣ рӯзи 20-уми декабри соли равон барои харидории хадамоти арзёбӣ аз ҶСП "Алфа Телеком" (собиқ бренди MegaCom, ҳоло MEGA) тендер эълон кард. Чунин эълон дар сомонаи харидҳои давлатӣ нашр шудааст.

Таъкид мешавад, ки Хазинаи амволи давлатӣ барои ироаи ин хадамот 7 миллиону 800 ҳазор сомонӣ (беш аз 90 ҳазор доллар) пардохт карданист ва арзёбикунанда бояд дар муддати на бештар аз 45 рӯз корро ба анҷом расонад.

Пешниҳод аз таъминкунандаҳо то 9 январ қабул карда мешавад.

Давлати Қирғизистон борҳо талош кардааст, то ширкати мобилии "Алфа Телеком"-ро бифурӯшад. Пас аз инқилоби соли 2010, Ҳукумати муваққатӣ 49% саҳмияҳои ширкатро миллӣ кард. Соли 2014 ширкат пурра моликияти давлат гардид.

Соли 2021 Хазинаи идораи амволи давлатӣ эълом кард, ки Бонки миллии Қирғизистон яке аз харидорони эҳтимолии "Алфа Телеком" аст, аммо Бонки миллӣ дар посух гуфт, нақшаи харидани ин ширкатро надорад.

Моҳи июли соли 2021 вакилони Жогорку Кенеш ба барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ тағйирот ворид карданд, ки тибқи он фурӯши ҶСП "Алфа Телеком" (100% саҳми давлатӣ), инчунин саҳмияҳои Фонди кафолат (14,9%), Бонки Каромат (0,74%) ва Бонки амонатгузории Авруосиё (76,56%) дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG