Ссылки доступа

Қазоқистон ва Узбекистон созишномаи ҳампаймонӣ имзо карданд


Президентҳои Қазоқистон ва Узбекистон -- Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев 22 декабр созишномаи муносибатҳои ҳампаймонии Тошканду Остонаро имзо карданд.

Ин созишнома, ки дар бораи "ҳамкориҳои ҳамаҷониба, боэътимод, баробарӣ ва баррасии дуҷонибаи манфиатҳои миллӣ" мебошад, дар ҷараёни сафари Тоқаев ба Узбекистон имзо шуд.

Дар созишнома омадааст, "Тошканд ва Остона дар сурати таҳдиди ҳуҷуми мусаллаҳонаи кишвари севум фавран бо ҳамдигар машварат карда, чора хоҳанд андешид". Ин санадро бархеҳо вокуниш ба ҳамлаи низомии Русия ба Украинаи ҳамсояаш арзёбӣ карданд.

Раҳбарони Узбекистону Қазоқистон ҳамчунин дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар низ санадеро ба имзо расондаанд.

Ду кишвар соли 2002 дар бораи сарҳади давлатӣ созишнома имзо карда буданд. Дар натиҷа чанд минтақаи баҳсӣ ба Қазоқистон ва чанд деҳа ба Узбекистон дода шуд.

XS
SM
MD
LG