Ссылки доступа

Хабарнигорони Радиои Озодиро дар Қазоқистон ба маросиме роҳ надоданд, ки президент ширкат мекард


Субҳи 23 декабр дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз лавҳаи ёдгории қурбониёни ҳаводиси моҳи январи соли 2022 пардабардорӣ шуд. Дар ин маросим президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ширкат кард.

Мақомоти интизомӣ ба хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки дар чорабинии мазкур ширкат кунанд.

Ба ин маросим танҳо хабарнигорони расонаҳои давлатӣ роҳ дода шудаанд.

Ибтидои соли ҷорӣ дар шаҳри Алмато бетартибиҳои оммавӣ сар заданд. Гирдиҳамоиҳое, ки дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон шуруъ шуданд, дар шаҳрҳои дигари он кишвар кӯчиданд. Дар Алмато эътирозҳо ба бетартибиҳои оммавӣ печиданд.

Қароргоҳи президент, бинои ҳукумат дар шаҳри Алмато оташ зада шуданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо дар саросари Қазоқистон 238 кас кушта шудааст.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Қазоқистонро барои таҳқиқи якҷонибаи ҳодисаҳои январӣ танқид карданд.

XS
SM
MD
LG