Ссылки доступа

Фаъолони муҳитзистӣ аз шаҳрдории Бишкек хостанд, дар шаби Соли нав мушакпарронӣ накунад


Намояндагони созмони MoveGreen аз шаҳрдории Бишкеки Қирғизистон даъват карданд, ки дар шаби Соли нав мушак ё фейерверк истифода накунад.

Ба иттилои MoveGreen, истифодаи фейерверк ба вазъи муҳити зист таъсири бад дорад.

"Баъди фейерверк ҳамеша дуди ғафс мушоҳида мешавад. Фейерверк ба пайдоиши газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад. Ин газҳо дар навбати худ ба тағйирёбии муҳити зист оварда мерасонад", - навиштаанд фаъолони созмон.

Ҳамчунин фаъолон аз вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникӣ даъват кардаанд, ки истифодаи ҳама гуна маводи тарфгариро манъ ва барои истифодаи онҳо ҷарима ҷорӣ кунад.

Ба иттилои шаҳрдории Бишкек, аз буҷаи шаҳр барои мушакпарронӣ дар шаби Соли нави мелодӣ 755 ҳазор сом ҷудо шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар шабҳои Соли нави мелодӣ дар солҳои 2020 ва 2021 аз истифодаи маводи тарфгарӣ дар Бишкек даст кашида буданд.

Бино ба омӯзишҳои хадамоти интернетии AirQuality, шаҳри Бишкеки Қирғизистон миёни шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво дар мақоми аввал қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG