Ссылки доступа

Панҷ пулиси Қирғизистонро дар сарпарастии ҷинояткорон айбдор мекунанд


Иллюстративное фото.
Иллюстративное фото.

Рӯзи 24 декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар вилояти Норини он кишвар 10 касро боздошт кард. Панҷ тан аз онҳо аъзои гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Асанбек буда, панҷ тани дигар кормандони пулис, ки ҷинояткоронро пушти паноҳ шудаанд.

Ин гуруҳ, ба иттилои КДАМ, рӯзи 7 ноябри соли ҷорӣ аз соҳиби як қаҳвахона моҳона ҳазор долларри ИМА талаб кардааст. Гуруҳ таҳдид кардааст, ки дар сурати напардохтани маблағ қаҳвахонааш оташ зада мешавад. Соҳиби қаҳвахона ба пулис шиноят, аммо пулис чораҷӯӣ накардааст.

"Роҳбарияти пулиси ноҳияе, ки ҳодисаи мазкур онҷо сурат гирифт, талош кардааст, ки соҳиби қаҳвахонаро моил кардааст, ки ба мақомоти дигар шикоят набарад", - омадааст дар хабари КДАМ.

Алмаз Ҷумабеков, сардори пулиси вилояти Норин рӯзи 25 декабр гуфт, се тан аз пулиси боздоштшуда раҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG