Дар чеҳра ва дастони Муъминов, ки тавассути як пахши мустақим дар ин бора хабар медод, осори латтукӯб дида мешуд.
Раёсати пулиси Тошканд хабар дод, ки дар ҷои ҳодиса изи ангуштони панҷ нафарро пайдо кардаанд ва дар робита ба ин ҳодиса бо банди “Ғоратгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муъминов аз фасодкорӣ дар Узбекистон, аз ҷумла даст доштани аъзои хонаводаи раисҷумҳури ин кишвар бо шумули домодҳояш дар ин корҳо интиқод мекард.
“Чанд нафар ниқобпӯш дар назди хонаам ба ман ҳамла ва маро латтукӯб карданд. Шишаҳои мошинамро шикастанд. Онҳо мехостанд маро кушанд. Ман тавонистам гурезам. Агар хато накунам, панҷ нафар буданд. Ба назар мерасад, ки дар Узбекистон “қонунҳои кӯчагӣ” ба иҷро медароянд”, - изҳор дошт Муъминов.