Ссылки доступа

Имзои як санади дигар дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 26-уми декабр вохӯрдаанд. Манобеи расмӣ гуфтанд, мулоқот дар маркази "Раъно" ва дар ҳудуди Қирғизистон гузашт.

Аз ду тараф фармондеҳони нерӯҳои сарҳадӣ ва раисони вилоятҳои Суғду Бодканд иштирок кардаанд.

"Дар мулоқот ҷонибҳо иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи рақами 42-ро баррасӣ карда, изҳори қаноатмандӣ карданд," -- навишт дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Ба иттилои манбаъ, ду тараф таъкид кардаанд, ки аз ин ба баъд "масъалаҳои ба миён омада дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳал карда шавад." Роҳбарони ҳайатҳо дар ин замина протоколи нав имзо кардаанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 664 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст.

Бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.

XS
SM
MD
LG