Ссылки доступа

Дар Узбекистон 18 кудак аз доруи "Док-1 МАКС" ҷон додааст


Таҳқиқоти ибтидодии озмоишгоҳӣ дар таркиби доруи "Док-1 Макс", ки дар Узбекистон чандин кудак баъди истеъмоли он ҷон дод, "этиленгликол"-ро ошкор кардааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, "ин дору заҳролуд буда, маҳлули 95%-и он ҳангоми ворид шудан ба бадан боиси тағйироти ҷиддӣ дар саломатии бемор хоҳад шуд".

Санҷиш нишон додааст, ки дар Узбекистон 21 кудак баъди истеъмоли доруи мазкур дар беморхона бистарӣ шуда, 18 тани онҳо ҷон додааст.

Пештар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар ду моҳи охир вазъи сиҳатии 20 кӯдак аз Самарқанд баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" бад шуда, 15 кӯдак фавтидааст. Доруи "Док-1 Макс"-ро Ҳинд истеҳсол мекунад.

Як масъули маркази тиббии вилояти Самарқанд гуфта буд, ин кӯдакон ба "дарди гурда" гирифтор шудаанд.

Шуруъ аз 22 декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG